Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон истифодаи халтаҳои полиэтилениро манъ кард


Порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 11 июн тарҳи қонун "Дар бораи маҳдудсозии истифодаи халтаҳои селофанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро қабул кард.

Марлен Маматалиев, вакили порлумон пешниҳод кард, ки воридсозии халтаҳои селофанӣ ба Қирғизистон манъ шавад ва аз соли 2021 истеҳсоли ин навъи халтаҳо дар ҳудуди Қирғизистон қатъ гардад. Вай гуфт, танҳо барои содироти мол ба хориҷ истеҳсоли халтаҳо иҷозат дода шавад.

"Дар бисёре аз кишварҳои дунё ин гуна меъёрҳоро роҳандозӣ кардаанд, зеро халтаҳои мазкур ба муҳити зист зиён доранд, онҳо солҳои тӯлонӣ таҷзия намешаванд. Афзорҳои муосир имкони истеҳсоли халтаҳоро аз маводи дигар фароҳам овардаанд, барои мисол аз крахмал. Аз ҳамин хотир мо ба истеҳсолгарон фурсат медиҳем, ки дастгоҳ пайдо кунанд ва истеҳсоли халтаҳоро аз маводи дигар ба роҳ монанд", - гуфт вакили порлумон.

Вакилони порлумон ҳамчунин бо қабули тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ барои истеҳсоли халтаҳои селофанӣ аз 134 то 376 доллар ҷарима таъйин карданд.

Ба иттилои экологҳо, ҳанӯз дар соли 2012 ҳаҷми партовҳои пластикӣ дар Уқёнуси ҷаҳонӣ тақрибан 165 миллион тонаро ташкил медод. Ҳаҷми умумии партовҳои пластмассӣ ба бештар аз панҷ триллион тона расидааст.

XS
SM
MD
LG