Ссылки доступа

Мақомот: дар Бишкек хатари гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон хавфи зиёди гирифторӣ ба вируси корона мушоҳида мешваад, гуфт Татяна Кузнетсова, ноиб-раиси шаҳри Бишкек.

Ба гуфтаи вай, 29 дарсади тамоми гирифторони Қирғизистон ба шаҳри Бишкек рост меояд. Дар ин шаҳр мубталошавии 610 тан ба коронавирус сабт шудааст. 60 дарсади маҷмуи гирифторони коронавируси Бишкек шифо ёфта, 5 тан фавтидааст.

"Бархе аз гирифторон гуфтанд, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ мубтало шудаанд. Мо ин ҳолатро ба эътибор гирифта, тарғиби риояи тартибот ва фосилаи иҷтимоиро бештар кардем", - гуфт Кузнетсова.

Вай таъкиб кард, ки дар Бишкек ҳанӯз ҳам карантин ҷорӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.

Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 2166 расидааст. Аз ин шумор 1668 тан шифо ёфта, 26 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG