Барои таъмири ин теъдод манзил ба ҳукуматҳои вилоятҳои он кишвар дастур шудааст, ки наздики 6,9 млн доллар ҷамъ оваранд. Аммо ҳукумати вилояти Сирдарё мегӯяд, барои таъмири манзилҳои зиёндида наздики 29,5 миллион доллар зарур аст. Ба ҳамин далел, қисмате аз манзилҳо бо ҷалби кумаки тоҷирон ва неруи кории арзон таъмир мешаванд.
"Барои 12 рӯзи корӣ ба ман 1 млн сӯм (қариб 100 доллари ИМА) ҳаққи заҳмат доданд. Ин хеле кам аст. Ҳоло карантин аст, кор нест, ман розӣ шудам. Аммо бояд чанд баробар бештар ҳаққи меҳнат мегирифтам", - шикоят кард як коргар, ки ба таъмири манзилҳои вайроншуда машғул аст.
Як коргари муассисаи буҷавии шаҳри Тошканд гуфт, ӯро иҷборан ба таъмири манзилҳои аз рахнаи обанбор зиёндида ҷалб кардаанд. Вай гуфт, аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон коргарони буҷавиро ба таъмири хонаҳо маҷбуран ҷалб кардаанд.
Дар натиҷаи рахнаи обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон 4435 манзил зиён дид, ки аз ин шумор 2390 манзил ғайри қобили зист шуд ва 2045 манзили дигар ба таъмири куллӣ ниёз пайдо кард.