Дар бораи марги Олиямо Очиловаи 34-сола, ки шаби 10-уми июн дар дохили ҳаммоми хонаи худ, қасди худкушӣ кардааст, хешовандон ва табибони бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Ҷавонзани тоҷикро дар он рӯз бо бадани сӯхта ва дар ҳоли фавқуллода вазнин ба бемористон овардаанд. Анвар Исломов, муовини сартабиби бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб рӯзи 12-уми июн гуфт: “Олияморо 96 дарсади баданаш сӯхтааст, ки аз ин 10-15 фоизашро ҷароҳатҳои дарунӣ ташкил медиҳад.”
Ӯ афзуд, табибон тамоми корро барои наҷоти зан анҷом хоҳанд дод, вале зоҳиран ба онҳо муяссар нашудааст, ки модари чаҳор фарзандро аз чанголи марг раҳо кунанд. Сабабҳои дақиқи худкушии сокини деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб маълум нест, вале баъзе аз ҳамсоягону афроди наздик ба хонавода мегӯянд, зоҳиран Олиямо баъди моҷарое бо шавҳар маводи сӯхтро ба сараш рехтаву худро оташ задааст.
Додситонӣ дар ин замина парванда боз кардааст ва ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Ҳамдеҳагон Олиямо гуфтанд, “то ҳол ҳеҷ кас бовар намекунад, ки Олиямо, чаҳор фарзандро гузошта, худро оташ зада ва онҳоро аз модар маҳрум кардааст”.
Бино ба омори расмӣ, солона дар Тоҷикистон то 400 нафар қасди худкушӣ ва ё худкушӣ мекунанд ва сабабҳои аслии он муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ ба зан ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳост. Таҳқиқҳои саросарӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз ҳар 10 зани шавҳардор, камаш се нафари онҳо аз шавҳар хушунати ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва ё равонӣ дидааст.