Ссылки доступа

Баъди куштори сиёҳпӯсте дар Атлантаи ИМА аз сӯи пулис, бетартибиҳо сар заданд


Дар шаҳри Атлантаи аёлати Ҷорҷияи ИМА, баъди марги африқотаборе аз дасти пулис, рӯзи шанбе ва шаби якшанбе бетартибиҳо сар заданд.

Сокинон бо пулис даргир шуданд ва роҳбари пулиси шаҳр Эрик Шилдс истеъфо дод.

Кормандони пулис Брукси 27-соларо 12 июн парронданд. Вай дар ҳолати сархушӣ дар дохили мошинаш хоб рафт. Сокинон пулисро даъват карданд, ки мошини ӯро аз дами дари ошхонае барканор кунад. Пулис талоши боздошти ӯро кард, аммо Брукс муқобилат нишон дод. Пулис сӯи вай тир холӣ кард ва дар натиҷа кушта шуд.

Куштори Брукс дар ҳолест, ки дар саросари ИМА эътирозҳои мардумӣ таҳти шиори "Ҳаёти сиёҳпӯстон эътибор дорад" давом доранд. Ин эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки африқотабори амрикоӣ - Ҷорҷ Флойд дар шаҳри Миннеаполис зери пои пулис фавтид. Ширкатдорони эътирози Атлана ошхонаи Wendyʼs-ро оташ заданд, ки Брукс назди он кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG