Ссылки доступа

Чанд деҳаи Туркманистон зери об монд (видео)


Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додад, ки чанде аз деҳаҳои Туркманистон дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби канали Қарақум ва дарёи Ому зери об мондаанд.

Навори зери об мондани деҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуд.

“Дар деҳаи Ничкаи вилояти Марӣ ҳудуди 50-60 манзил зери об мондааст. Дар кӯчаҳои деҳа танҳо бо қаиқ мешавад, гашту гузор кард”, - гуфт хабарнигор.

Сокинони зиёндида ҳанӯз аз сӯи давлат ҳеч кӯмаке дарёфт накардаанд.

“Барои хориҷ кардани об дастгоҳҳои махсус зарур аст, вале чунин дастгоҳ дар деҳа мавҷуд нест. Сокинон назора доранд, ки хонаҳояшон чи гуна хароб мешаванд”, - гуфт хабарнигор.

Дар вилояти Лебапи он кишвар низ обхезӣ чанд деҳаро пахш кардааст. Об ба манзилҳои зист ва киштзорҳо зиён расонидааст.

Расонаҳои давлатӣ дар бораи ин офати табиӣ иттилоъ надоданд.

XS
SM
MD
LG