Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қирғизистон ҷорисозии маҳдудиятҳои дубораро аз эҳтимол дур намедонад


Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар як рӯзи охир 87 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона дар ин кишвар ошкор шудааст.

Нурболот Усенбоев, муовини вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, ҷорисозии дубораи чораҳои маҳдудкунанда аз эҳтимол дур нест.

Вай афзуд, афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ шаҳодати бадшавии ҳолати беҳдоштӣ аст.

“Ҳолатҳои гирифтории гуруҳӣ сабт шудааст. Наздикшавии одамон дар коргоҳҳову кӯчаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ мушоҳида мешавад ва мутаносибан уфунат байни аҳолӣ густариш меёбад. Дар сурати бадтар шудани вазъ аз эҳтимол дур нест, ки чораҳои қатъии пешгирикунанда дубора рӯи даст гирифта шаванд”, - гуфт Усенбоев.

Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 2372 кас расидааст. Аз ин шумор 27 кас фавтид.

Дар Қирғизистон шуруъ аз 25 март дар бархе аз шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳолати фавқулода эълом шуд. Ин ҳолат 11 май бекор гардид.

XS
SM
MD
LG