Ссылки доступа

Ташхис: Брукс, сиёҳпӯсти амрикоиро ҳангоми боздошт ду маротиба паррондаанд


Рэйшард Брукс, африқотабори Амрикоро, ки рӯзи 12 июн ҳангоми боздошт аз сӯи пулис кушта шуд, ду маротиба паррондаанд.

Ташхиси додгоҳӣ мушаххас кард, ки Брукс аз тахтапӯшташ ду маротиба парронида шуда ва дар натиҷаи хунравии зиёд фавтидааст. Дар изҳороти ташхиси додгоҳӣ омадааст, ки ӯро куштаанд.

Марги Брукс ба оташи эътирозҳои оммавӣ дар ИМА равған рехт. Сокинони Амрико баъди марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст бо шиори “Ҳаёти сиёҳпӯстон эътибор дорад ”ба кӯча баромаданд. Флойд зери пойи пулис дар шаҳри Миннеаполиси ИМА кушта шуд.

Мақомоти шаҳри Атланта, ки Брукс онҷо кушта шуд, гуфтанд, пулисе, ки дар марги сиёҳпӯст даст дорад, аз мақом барканор шудааст. Сардори пулиси шаҳр Эрик Шилдс аз мақом истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG