Ссылки доступа

Мансабдорони Қазоқистон гӯшанишинӣ ихтиёр мекунанд, ҷаласаи ҳукумат ба таъхир афтод


Баъди ба коронавирус мубтало шудани Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон чанде аз дигар мансабдорони он кишвар гӯшанишинӣ ихтиёр карданд.

Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон рӯзи 12 июн бо сафари корӣ ба вилояти Ҷамбил рафт. Вазири тандурустӣ дар ин сафар сарвазирро ҳамроҳӣ мекард. Баъди тасдиқи мубталоии Биртанов ба коронавирус Аскар Мамин ҳам гушанишнӣ ихтиёр кард. Ҳамакнун раиси вилояти Ҷамбили Қазоқистон Бердибек Сафарбоев худро ба инзиво гирифта, ба фаъолияти фосилавӣ гузаштааст.

Вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов ҳам, ки дар ҳайати сарвазир дар вилояти Ҷамбил ширкат дошт гӯшанишинӣ ихтиёр кардааст.

Аз маркази матбуотии сарвазири Қазоқистон хабар доданд, ҷаласаи ҳукуматии рӯзи 16 июн ба таъхир гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG