Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон ба истеъфо рафт


Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба истъфо рафт. Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Дар муроҷиаташ вай гуфт, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шуруъи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеа фаъолияти комили ҳукумат шавад.

Абилғозиев ҳамзамон афзуд, дар фурӯши басомадҳои радиоӣ нақше надорад ва айбҳое, ки нисбаташ садо медиҳанд, беасосанд. Абилғозиев мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ то кунун ӯро бозпурсӣ накардаанд.

Сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кутоҳмуддат баромад. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат "роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст". Айни ҳол ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро пеш мебарад.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 20 апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай 30-умин ҳукумати Қирғизистон ба фаъолият шуруъ кард. Вакилони порлумони Қирғизистон чанде пеш, ки ҳисоботи соли 2019-и ҳукуматро баррасӣ мекарданд, гуфтанд, Абилғозиев аз шумори маҳдуди сарвазироне аст, ки умри ҳукуматаш бештар аз ду сол давом овардааст.

XS
SM
MD
LG