Ссылки доступа

Мақомоти Пекин гуфтанд, хатари паҳншавии коронавирус афзудааст


Мақомоти шаҳри Пекини Чин гуфтанд, баъди хуруҷи вируси корона дар як бозори маҳаллӣ хатари паҳншавии ин вирус дар шаҳр афзоиш ёфтааст.

"Пекин айни ҳол дар ҳолати изтирорӣ қарор дорад. Мо чораҳои пешгирӣ ва назоратиро тақвият медиҳем, ҷарима ҷорӣ мекунем. Мо роҳҳои паҳншавии вирусро мебандем", - гуфт Сю Хэтзян, намояндаи расмии ҳукумати Пекин рӯзи 15 июн.

Паҳншавии коронавирус дар пойтахти Чин ҳафтаи гузашта дар як бозори фурӯши яклӯхти маводи ғизоӣ мушоҳида гардид. Аксари гирифторон фурӯшандаҳо ва пайвандони онҳо ҳастанд.

Бино ба омори расмӣ, айни замон дар муассисаҳои тиббии Пекин наздики 80 гирифтори коронавирус бистарӣ аст. Дар маҷмуъ дар ин шаҳр аз замони бори аввал пайдо шудани вируси корона, дар охири соли гузашта, бештар аз 670 ҳолати мубталоӣ ва 9 ҳолати марг сабт шудааст.

Мақомоти Чинро, ки ин кишвар бештар аз 1,4 миллиард аҳолӣ дорад, дар пинҳон кардани омори воқеии гирифторон ва қурбониёни COVID-19 айбдор мекунанд, аммо роҳбарияти Чин ин айбҳоро беасос медонад.

XS
SM
MD
LG