Ссылки доступа

Бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон бекор шуд


Мақомоти Тоҷикистон бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд.

Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ ​аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд.

Мақомот мегӯянд, мизони гирифторшавии сокинон ба коронавирус дар ду ҳафтаи ахир кам шудааст. Қаблан намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.

Ба иттилои шаҳрдории Душанбе рӯзи 15-уми июн ҳудуди 10 200 тоҷир дубора ба кори худ шуруъ карданд.​ Субҳи душанбе дар назди дарвозаҳои "Корвон", бузургтарин бозори либос дар пойтахт, чанд нафар аз масъулон ҳарорати бадани харидоронро санҷида, баъд аз поккории дастҳо бо маҳлули беҳдоштӣ иҷозаи вуруд медоданд.

Шарти дигари ҳатмӣ барои ворид шудан ба бозор доштани ниқоби тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ миёни одамон буд.

Ҳалима Мавлонова, мудири бозори "Корвон"-и пойтахи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн гуфт, шаҳрдории Душанбе танҳо дар сурати риояи меъёрҳои шадиди беҳдоштӣ азсаргирии кори бозорҳоро иҷоза додааст.

Тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар қаламрави Тоҷикистон аз имрӯз аз сар гирифта шуд. Тоҷирони бархе аз бозорҳо аз ғайриқонунӣ ситонидани маблағи иҷорапулӣ дар ин муддат шикоят мекунанд. Аз ҷумла, тоҷирони бозори "Варзоб"-и Душанбе навиштанд, аз онҳо 1100 сомонӣ иҷорапулӣ талаб карда шудааст, аммо ин иддаоро дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ ҳам соҳибкорон ва ҳам маъмурияти бозор рад карданд.

Дар ҳамин ҳол, бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 танҳо дар шаҳри Душанбе 123 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳусн низ пас аз таътил ва ё карантини якуниммоҳа дубора ба кор оғоз карданд. Гуфта мешавад, дар ин муассисаҳо беш аз ҳазор кас фаъолият доранд ва тӯли якуним моҳ бекор монда буданд.

Дар дастури ситод гуфта шудааст, ки аз 15-уми июни имсол Тоҷикистон ба реҷаи фаъолияти муқаррарии худ бармегардад. Аммо то ҳол дар бораи боз шудани марзҳои заминиву фазоии кишвар гузориши расмӣ ба даст наомадааст ва рафтуои шаҳрвандон ба хориҷи Тоҷикистон ҳамоно мамнуъст.

XS
SM
MD
LG