Бархе аз манобеи огоҳ гуфтанд, ҳукумати Туркманистон тасмим дорад, мавҷудияти COVID-19-ро дар кишвар эълом кунад.
Сарчашмаҳо гуфтанд, рӯзи 8 июн дар яке аз беморхонаҳои вилояти Лебап ташхиси пизишке гирифторӣ ба вируси коронаро муайян кардааст. Баъди муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус пизишкро ҳамроҳ бо хонаводааш ба карантин гирифтанд.
Сокинони Ишқобод гуфтанд, кормандони бемористони уфунии шаҳр ба ҷуз аз ин ки дар бемористон боқӣ мондаанд, аз ҳаққи истифодаи телефон низ маҳрум шудаанд.
Хадамоти беҳдоштии шаҳри Ишқобод безараргардонии бархе аз манзилҳои истиқоматиро шуруъ кардааст.