Ба иттилои ҳукумати он вилоят, афроде, ки бо Оралов тамос доштанд, муайян гардида, таҳқиқи беҳдошти шуруъ шудааст. Кормандони дигари ҳукумати вилоят аз ташхис гузаштаанд.
Вилояти Павлодари Қазоқистон аз рӯи шумори гирифторон, баъд аз пойтахти кишвар дар мақоми дувум қарор дорад. Бино ба омори расмӣ, дар вилоят 13 кас қурбонии коронавирус шуда, 442 тани дигар ба он мубтало гардидаанд.
Оралови 32-сола моҳи апрели соли 2019 муовини раиси вилояти Павлодар таъйин шуда буд.
Айни ҳол вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов, муовини пешини вай Камолҷон Нодиров ҳам мубталои вируси корона шудаанд.