Ссылки доступа

Маросими эътои “Оскар” ба далели коронавирус ба таъхир афтод


Маросими эътои ҷоизаи “Оскар”, ки мебоист 28 феврали соли 2021 баргузор шавад, то 25 апрели соли 2021 ба таъхир афтод.

Ин яке аз охирин чорабиниҳои ҷаҳонӣ аст, ки аз вабои коронавирус таъсир мепазирад.

Маросими 93-уми эътои “Оскар” ба он хотир ба таъхир афтод, ки коронавирус боис шуд, наворбардории бархе аз филмҳо тӯл кашад. Созмондиҳандагони озмун муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва муаррифии филмҳоро тамдид карданд. Агар дар гузашта муҳлати охири нашри филм 31 декабр таъйин мешуд, ҳамакнун ин муҳлатро то охири моҳи феврали соли 2021 дароз карданд.

Номзадҳои барои дарёфти ҷоизаи “Оскар” 15 март эълон мешаванд. Тасмим дар бораи он ки ин маросим тариқи онлайн ва ё ҳузурӣ баргузор хоҳад шуд, ҳанӯз қабул нашудааст. Дар гузашта ҳам 3 маротиба маросими эътои ҷоизаи “Оскар” бино бар сабабҳое ба таъхир афтода буд. Аммо дар дафъаҳои пешин муҳлати таъхир на бештар аз як ҳафта буд.

XS
SM
MD
LG