Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ сохтмони идораи тамос бо Куриёи Ҷанубиро тарконд


Вазорати умури муттаҳидкунӣ дар Сеул хабар дод, ки рӯзи 16 июн баъди раддубадалҳои хашини Пхенян, Куриёи Шимолӣ як сохтмони идораи тамос бо Куриёи Ҷанубиро дар шаҳраки марзии Кесонг мунфаҷир кард.

Дар як хабари мухтасар ба матбуот мақомоти Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, ки “Куриёи Шимолӣ соати 14:49 дафтари тамос дар Кесонгро тарконд”.

Оҷонсии хабарии Yonhap гуфт, изҳороти ҳукумати Сеул чанд дақиқа баъди он садо дод, ки аввал овози таркиш баланд шуду баъдан аз болои як минтақаи саноатии Кесонг, ки идораи тамос он ҷо ҷойгир аст, дуди зиёд ба чашм расид.

Қабл аз ин рӯзи 16 июн артиши Куриёи Шимолӣ гуфт, ки барои чораандешӣ дар муқобили Куриёи Ҷанубӣ, аз ҷумла дар манотиқе, ки бар асоси созиши байни ду кишвар аз низомиён холӣ шуданд, “пурра омода шудааст”.

Ким Йон Чон, хоҳари бонуфузи раҳбари Куриёи Шимолӣ рӯзҳои истироҳати гузашта гуфт, ки “базудӣ шоҳиди саҳнаи фоҷеабори беаҳамиятии идораи тамоси миёни ҷанубу шимол хоҳем шуд”.

XS
SM
MD
LG