Ссылки доступа

Ду беморхонаи Туркманистон ба карантин гирифта шуданд


Дар Туркманистон, ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар он гӯиё то ҳол ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус расман сабт нашудааст, ду беморхонаро ба карантин гирифтанд.

Манбаъҳои огаҳ аз қазия дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба кормандони бемористони сироятии шаҳри Ишқобод чанд рӯз аст, иҷозат намешавад ба хонаҳояшон бираванд ё аз телефон истифода кунанд.

"Як табиб тавонистааст бо наздиконаш тамос гирифта, бигӯяд, ки то ҳадди имкон аз хона набароянд ва кӯдаконро ба боғча нафиристанд", - гуфт як ҳамсуҳбати мо ба шарти ифшо нашудани номаш.

Як корманди беморхонаи мазкур ба шарти зикр нашудани номаш хабар дод, ки бемористони онҳо пур аз беморони илтиҳоби шуш буда, вазъи бархеашон вазнин аст. Чанд бемор ҳам фавтидаанд.

Як манбаи дигар дар мақомоти тандурустии Туркманистон гуфт, беморхонаи вилояти Лебап баъди ду бор мусбат баромадани натиҷаи озмоиши як ҳамшира ба карантин гирифта шудааст. Беморхона таҳти назорати кормандони пулис қарор дорад.

XS
SM
MD
LG