Ссылки доступа

Раиси порлумони Қазоқистон мубталои коронавирус шуд


Нурлан Нигматулин, раиси порлумони Қазоқистон баъди он ки гирифториаш ба вируси корона тасдиқ шуд, гӯшанишинӣ ихтиёр кард.

Маркази матбуотии порлумони Қазоқистон хабар дод, ки раиси порлумон рӯзҳои 9 ва 11 июн вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Елжан Биртановро ба ҳузур пазируфта, тарҳи кодекс "Дар бораи сиҳатии сокинон ва низоми ҳифзи тандурустӣ"-ро баррасӣ кардааст.

"Дар робита ба гирифтории вазири тандурустӣ Елжан Биртанов, раиси порлумон ҳам 16 июн аз ташхис гузашт. Мутаассифона, ташхис натиҷаи мусбат нишон дод", - омадааст дар хабарномаи маркази матбуотии порлумони Қазоқистон.

Вазири тандурустии Қазоқистон 14 июн гуфт, ки мубталои вируси корона ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Баъди ин эълом мансабдорони дигари Қазоқистон, аз ҷумла сарвазир Аскар Мамин, вазири маориф ва илм Асхат Аймагамбетов, вазири мудофиа Нурлан Ермекбоев ва дигарон гӯшанишинӣ ихтиёр карданд.

Дар Қазоқистон шумори маргу мир ва гирифторӣ ба COVID-19 меафзояд. Вазорати тандурустии он кишвар аз 15 ҳазору 542 ҳолати гирифторӣ ва 88 ҳолати марг хабар медиҳад.

XS
SM
MD
LG