Ссылки доступа

СҶТ зимни "хушхабар" дастури табобати COVID-19-ро нав мекунад


Пас аз кашф шудани фоидаи стероидҳои одӣ ба беморони COVID-19, махсусан онҳое, ки аҳволашон хеле вазнин аст, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) мехоҳад, тартиби муолиҷаи COVID-19-ро нав кунад.

Озмоишҳо нишон доданд, ки доруи дексаметазон чунин беморонро наҷот медиҳад. Ин дору аз солҳои 1960-ум инҷониб барои коҳиш додани илтиҳоби рагу мушакҳо ҳангоми бемориҳое ба монанди артрит истифода мешавад. Корбурди он дар табобати COVID-19 аз марги тақрибан сеяки беморони шадидтарин пешгирӣ кардааст.

Ҳарчанд фоидаи дексаметазон ба беморони коронавирус алҳол фақат як ақидаи пешакист, пажуҳишгарони ин таҷриба тақозо доранд, ки давои мазкур фавран ба тартиби табобати COVID-19 ворид карда шавад. СҶТ бо нав кардани тарзу шеваи муолиҷаи "вабои аср" мехоҳад, ба пизишкон ва кормандони тиб дар расидагӣ ба табобати беморони дараҷаҳои гуногун, аз ошкор шудани вирус то шифои комил, мадад расонад.

Пажуҳишгарон мегӯянд, дексаметазон махсусан ба бемороне кумак кардааст, ки вазъашон бад шуда, ба дастгоҳи нафаси сунъӣ васл карда шудаанд. Ба кор бурдани ин дору аз се як нафари чунин беморон ва ҳар панҷумин бемори таҳти оксигенераторро наҷот додааст. Фоидаи он танҳо дар беморони ҳолашон вазнин дида шуда, таъсираш ба беморони вазъашон "миёна" ба мушоҳида нарасидааст.

СҶТ ҳанӯз роҳнамои таббобати COVID-19-ро бо назардошти натиҷаҳои нав тағйир надодааст ва мегӯяд, таҳқиқи фарогиртареро ҳамоҳанг хоҳад кард, то ба хулосаи ниҳоӣ расад.

XS
SM
MD
LG