Ссылки доступа

Вазири молия гуфт, маоши коргаронро медиҳанд, аммо кай? (видео)


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон

Вазири молияи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар пардохти маош дар кишвар мушкил ҷой дорад. Ҳафтаҳои ахир даҳҳо нафар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз пардохт нашудани маошашон шикоят доранд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пеш омадани вазъияти вобаста ба коронавирус дар кишвар боис шудааст, ки дар пардохти маоши баъзе аз кормандон мушкил пеш ояд. Қаҳҳорзода барои намуна гуфт, омӯзгорон чанд моҳ пеш аз муҳлати муқарраршуда ба рухсатӣ баромаданд ва зарур аст, ки ба онҳо пеш аз вақти ҳарсола рухсатипулӣ дода шавад.

"Мо аз моҳи май ба омӯзгорон рухсатӣ додем. Пеш дар давоми се моҳ агар омӯзгорон фақат музди маош мегирифтанд, имрӯз ниёз дорем, ки ба онҳо пули рухсатиро ҳам диҳем. Буҷа ҳам нақшабандӣ мешавад ва пардохти маблағҳо аз руйи нақша бояд амалӣ шаванд", - афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вазири молия дақиқан нагуфт, ки дар кишвар чӣ қадар қарзи маош мондааст. Аммо ӯ ваъда дод, ки рӯзҳои наздик мушкилро ҳал мекунанд.

Глава Минфина: в ближайшие дни будет погашена задолженность по зарплатам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:02 0:00

Дар ин миён танҳо омӯзгорон нестанд, ки аз дарёфт накардани маош шикоят доранд. Кормандони чанд корхонаҳои калон ба монанди "Талко” ва нирӯгоҳи "Роғун" ҳам аз нагирифтани маош шикоят мекунанд.

Инчунин кормандони Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун шикоят доранд, ки чанд моҳ аст маоши худро дарёфт карда наметавонанд. Кормандони яке аз корхонаи "Талко" ҳам мегӯянд, 3 моҳ боз маош нагирифтаанд. Як гуруҳ аз омӯзгорон дар шаҳри Кӯлоб низ ҳамин шикоятро доранд ва гуфтанд, аз мағозаҳо хӯроквориро ба қарз гирифтанд, аммо роҳбарият маоши онҳоро намедиҳанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия рӯзи 17-уми июн дар посух ба суоли мо, ки чаро омӯзгорони Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун моҳҳо аст маош дарёфт намекунанд, гуфт, "шумо имрӯз ба коллеҷ занг зада пурсед, ки қарзи маош доранд ё не?"

Баъд аз суҳбат бо вазири молия чанде аз омӯзгорони Коллеҷи муҳандисӣ-техникии Роғун гуфтанд, ҳанӯз ҳам маош нагирифтаанд.

Маош қисми ҳифзшавандаи буҷа буда, давлат муваззаф аст, дар ҳар ҳолате онро пардохт кунад. Қонуни кор дар Тоҷикистон барои чунин рафтор ба кордиҳанда ҷазо муқаррар кардааст.

Мушкилӣ дар пардохт нашудани маош дар ҳоле пеш омадааст, ки Тоҷикистон бо буҳрони пешомада аз пандемияи коронавирус дасту панҷа нарм мекунад. Пули муҳоҷирон, ки чархаи асосии иқтисоди кишвар ном бурда мешуд, дар моҳҳои ахир қариб 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон қаблан гуфтанд, бо сабаби пеш омадани буҳрони коронавриус маблағи зарурӣ ба буҷа ворид нашудааст. Вазири молия рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст хароҷоти буҷаро камтар кунанд.

Тибқи иттилои Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон, қарзи маош дар Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27 дарсад бештар шудааст.

Муқоисаи арқом нишон медиҳад, ки пардохт нашудани маош дар корхона ва муассисаҳои Тоҷикистон ба сатҳе расидааст, ки аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум дида нашудааст.

Бино ба омори расмӣ, беш аз ҳама дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, баъдан нақлиёт ва хоҷагии анбор ва дар саноати коркард кордиҳандагон маошро напардохтаанд ва аз онҳо қарздоранд. Беш аз 75 дарсади кулли қарзи маош дар ҷумҳурӣ ба ин се соҳа рост меояд.

XS
SM
MD
LG