Ссылки доступа

Даъвати 178 созмони ғайритиҷорӣ аз порлумони Қирғизистон


Намояндагони 178 созмони ғайритиҷорӣ (СҒТ)-и Қирғизистон аз вакилони порлумони ин кишвар даъват карданд, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни СҒТ-ро қабул накунанд.

Матни муроҷиатномаи намояндагони созмонҳоро "Институт Медиа Полисӣ" нашр кардааст. "Лоиҳаи қонун талаботи иловагии табъизомез ва сангин дорад. Ҳамчунин кумитаи порлумон дар умури иҷтимоӣ онро 15 июн пушти дарҳои баста ва бе ҳузури намояндагони ҷомеа баррасӣ кард, ки хилофи талаботи қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоъ ва дастурамали порлумон мебошад", - омадааст дар хитоба.

Намояндагони СҒТ-и Қирғизистон гуфтаанд, созмонҳое, ки ба амнияти кишвар хатар доранд, бояд дар асоси ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ муайян карда шаванд.

Вакилони порлумони Қирғизистон 18 июн лоиҳаи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ ва қайди давлатии шахсони ҳуқуқиро баррасӣ карданд, ки он ҳанӯз моҳи марти соли равон таҳия ва қабул шуда буд.

Қонуни нав созмонҳоро вазифадор мекунад, ки дар бораи манбаъҳои молии худ ҳамасола ҳисобот диҳанд ва дар бораи фаъолияти хидматияшон маълумоти бештар ироа кунанд.

XS
SM
MD
LG