Ссылки доступа

Бинои девони вазирони Ӯзбекистонро карантин карданд


Раҳбари яке аз департаментҳои девони вазирони Ӯзбекистон ба коронавирус мубтало шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ иттилоъ додаанд.

Бино ба хабарҳо, бинои ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир зери карантини сахт қарор дорад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 июн дар як ҷаласаи видеоӣ гуфт, ки дар давоми ду ҳафтаи ахир дар Тошканд 482 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Ӯ гуфт, агар вазъ чунин идома ёбад, як қатор шаҳру вилоятҳо дубора карантин мешаванд.

XS
SM
MD
LG