Хабари озодии пеш аз муҳлати Дутбоевро дар Департаменти иҷрои ҷазои вилояти Қазоқистони Шарқӣ тасдиқ карданд.
Дутбоев аз моҳи декабри соли 2001 то феврали соли 2006 раиси КДАМ Қазоқистон буд. Ӯ баъди он аз мақомаш истеъфо дод, ки даст доштани кормандони воҳиди махсуси кумита дар куштори яке аз раҳбарони мухолифони қазоқ Олтинбек Сарсенбоев ошкор шуд.
Вайро 26 декабри соли 2016 бо гумони "ифшои сирри давлатӣ" боздошт карданд. Додгоҳи низомии ноҳияи Акмолин 24 августи соли 2017 Дутбоевро дар ошкор кардани асрори давлатӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ айбдор дониста, 7,6 сол зиндонӣ кард. Ҳамчунинвай аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ якумрӣ ва аз рутбаи "генерал-лейтенант"-у мукофотҳои давлтӣ маҳрум гардид. Моҳи январи соли 2018 раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон ба дуздӣ ва пулшӯӣ айбдор ва ҷамъан ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи олии Қазоқистон моҳи январи соли 2019 бо дархости додситонии кул ҳукми Додгоҳи низомии ноҳияи Акмолинро аз 26 январи соли 2018 бозбинӣ ва ҳукми зиндони ӯро аз 12 то 11 сол кам карда буд.