Ссылки доступа

Қазоқистон меъёрҳои муайян кардани вазъи эпидемиологиро тағйир дод


Вазорати тандурустии Қазоқистон дар пасманзари авҷи дубораи вируси корона дар ин кишвар гуфт, барои таъйини вазъи эпидемиологӣ "меъёрҳои иловагӣ"-еро таҳия кардааст.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон Лязат Актаева 19 июн дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, аз ин ба баъд барои баҳодиҳӣ ҳарф ё ба истилоҳ, рақами R истифода хоҳад шуд, ки нишон медиҳад як бемор ба ҳисоби миёна метавонад вирусро ба чанд кас гузаронад.

"Агар нишондоди R аз 1,3 то 1,15 бошад, пас карантин бояд пурзӯр карда шавад, зеро ин ба он маъност, ки беш аз 70 дарсади рахтҳои хоб дар беморхонаҳо банданд", - изҳор дошт Актаева.

Барои сабуктар кардани каратин бояд нишондоди R аз 1 поин ва камтар аз 50 дарсади рахтҳои хуб банд бошанд.

Қаблан мақомоти тандурустии ду шаҳри бузургтарини Қазоқистон - Нурсултон ва Алмато гуфтанд, ки дар бемористонҳои онҳо мутаносибан 90 ва 95 дарсади рахтҳои хоб "банданд". Ин дар ҳолест, ки сокинони ин ду шаҳр мегӯянд, табибон беморони дорои нишонаҳои вирусро бистарӣ намекунанд. Онҳо ҳамчунин аз мушкили супоридани санҷиши вирус шикоят дошта, гуфтанд, ду озмоишгоҳи хусусӣ ба далели "техникӣ" гирифтани санҷиши коронавирусро қатъ кардаанд.

Ба гуфтаи Актаева, дар Қазоқистон тайи рӯзҳои ахир шумори беморони дорои нишонаҳои вирус 1,3 баробар (35,5 дарсад аз шумори умумӣ) ва теъдоди мубталоёни бидуни нишона 2,6 баробар (65 дарсад аз шумори умумӣ) афзоиш ёфтааст.

Бар пояи омори расмӣ, то имрӯз дар Қазоқистон 23 960 кас ба вируси корона мубтало шуда, 105 кас ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG