Ссылки доступа

СММ: "Як дарсад аз аҳолии ҷаҳон овора шудаанд"


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки як дарсад аз аҳолии ҷаҳон бинобар хушунат, азият ва озор маҷбур ба тарки ҷойи зиндагии худ шуда ва овора гаштаанд. Шумораи аз ҳама бештари беҷошудагон ба Сурия, Венесуэла, Афғонистон, Судони Ҷанубӣ ва Мянмар рост меояд.

Филиппо Гранди, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи панҷшанбеи 18-уми июн ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, "то охири соли гузашта 80 миллион нафар маҷбур ба зиндагӣ дар шароити оворагӣ шудаанд, ки ин рақам нисбат ба 10 соли пеш ду баробар шудааст".

Ӯ хусусан ба вазъият дар Сурия ва Конго ишора кардааст, ки шумораи зиёде аз мардум маҷбур ба тарки ҷойи зиндагии худ шудаанд. Ба гуфтаи оқои Гронди, 79,5 миллион овора дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки наметавонанд ба хонаҳои худ баргарданд.

Соли гузашта ин рақам ҳудуди 70 миллион нафар буд, ки нишон медиҳад шумораи муҳоҷирон ва оворагон дар ҷаҳон ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Оқои Гранди мегӯяд, тибқи мушоҳидаҳо аз соли 2012 шумораи оворагон дар ҷаҳон ҳар сол рӯ ба афзоиш аст ва ба назар намерасад ин вазъият беҳбуд ёбад.

Вай гуфтааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ қодир нест муноқишаҳо дар бархе кишварҳоро аз роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кунад ва тавони барқарории сулҳро надорад.

Оморҳои Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки аз 80 миллион овора, ҳудуди 26 миллион маҷбур ба фирор ба кишварҳои дигар шудаанд ва 46 миллион низ дар кишварҳои худ маҷбур ба тарки хона ва рафтан ба минтақаҳои дигар шудаанд.

Беш аз чаҳор миллион нафар низ аз кишварҳои дигар дархости паноҳандагӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG