Ссылки доступа

Тоҷикистон баъди 25 июн шаҳрвандонашро "бо навбат" аз Русия меорад


Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки аз 25-уми июн шаҳрвандони Тоҷикистонро "бо навбат" аз Русия ба ватан меоранд. Дар пайи густариши бемории коронавируси нав садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бахусус муҳоҷирон дар Русия дармонданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн хабар дод, ки шаҳрвандони кишвар бо парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба ватан оварда мешаванд.

Ба қавли манбаъ, дар навбати аввал “ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷўён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд авлавият дода мешавад.”

Парвозҳо ба қавли мақомот аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ба Тҷоикистон сурат мегиранд.

Ба иттилои мақомот, муҳоҷирон барои номнавис шудан дар ин парвозҳо бояд ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа муроҷиат кунанд.

Дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия ба гуфтаи ВКХ, “комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рўйхати шаҳрвандоне мебошад, ки бояд ба Ватан баргардонида шаванд. Пас аз омода гардидани ин рӯйхатҳо шаҳрвандон барои харидории билет хабардор карда мешаванд.»

«Бинобар ин, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, то муроҷиатҳои худро ба суроғаи charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ фиристанд. Маълумот оид ба рӯзҳои парвоз бо назардошти мувофиқа бо ҷониби Русия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии ин давлат иловатан пешниҳод карда мешавад,” - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол доданд. Аммо қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксаран муҳоҷиронанд натавонистанд ба ватан баргарданд. Бархе муҳоҷирон ҳукуматро танқид карданд, ки онҳоро дар шароити вазнини пандемия ба ҳоли худ гузоштааст.

Ҳамагуна хабар дар бораи парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия ё баръакс дар миёни муҳоҷирон хуш қабул мешавад. Чун садҳо нафар мехоҳанд аз Тоҷикистон ба Русия раванд ё аз онҷо ба ватан баргарданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳои доимӣ ба аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс кай маълум мешавад. Мақомот гуфтанд, баъд аз моҳи июн масъаларо баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG