Ссылки доступа

Раҳбарони як қатор кишварҳои пасошӯравӣ гуфтанд ба паради Москва намераванд


Президентҳои Туркманистон, Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон гуфтанд, ки ҳафтаи оянда наметавонанд дар паради Ғалабаи шаҳри Москва иштирок кунанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шарҳи тасмими нарафтанаш гуфтааст, 29 июн 63-сола мешавад. Дар Туркманистон онро расидан ба синни пайғамбарӣ меҳисобанд ва ин руйдоди муҳим дар иҳотаи наздикону пайвандон ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфтаи Бердимуҳаммадов, ӯ агар ба Русия мерафт, баъди бозгашт аз Москва бояд карантини 14-рӯзаро риоя мекард.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян 19 июн гуфт, ки ба иллати вазъи бади марбут ба коронавирус дар кишвараш наметавонад ба Русия равад. "Вазъи мавҷудаи эпидемиологӣ иҷозат намедиҳад, ки ин сафарро анҷом диҳам", - омадааст дар номаи ӯ ба президенти Русия Владимир Путин.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ, ки пештар иштироки худ дар паради Москваро тасдиқ карда буд, гуфт, ба Русия намеравад.

Қабл аз ин президенти Чехия Милош Земан бо истинод ба вазъи бади эпидемиологии Русия гуфт, ки дар парад иштирок намекунад.

То ҳол иштироки худро дар гашти низомии Москва бахшида ба Иди ғалаба, ки қарор аст 24 июн баргузор шавад, президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Беларус, Сербия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасдиқ кардаанд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров 11 июн дар бораи омодагии раҳбарони 12 кишвар, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои иштирок дар гашти низомӣ хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG