Ссылки доступа

635 шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистон дар Қазоқистон ба ватан расиданд


635 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистонро дар марзи Қазоқистону Узбекистон бо чаҳордаҳ автобус ба ватан оварданд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн гуфт, барои бозгардондани шаҳрвандон Оҷонси Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мусоидат карданд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон аз 3-юми июн дар гузаргоҳи марзӣ ҷамъ омада буданд.​

​Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, аксар шаҳрвандони бандмонда муҳоҷирони корӣ ҳастанд. Инчунин, ба иттилои мақомоти масъули СҶМ дар Тоҷикистон, тахминан 100 нафари онҳо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Қазоқистон ҳастанд, ки бо анҷоми соли таҳсил бояд ба ватан баргарданд.

Кристина Транка, раҳбари дафтари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (СҶМ) дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 19-уми июн ҳукумати Узбекистон ба интиқоли муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марз иҷоза додааст.

Қаблан ба Радиои Озодӣ як гурӯҳи муҳоҷирон аз гузаргоҳи Жибек Жоли хабар доданд, ки тахминан 50 нафари онҳо бар асоси қарори додгоҳи Қазоқистон ихроҷ шудаанд.

Бо шурӯи пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, убури озоди марз имконнопазир шудааст. Шаби 2 ба 3-юми июн аз марзи Қазоқистон бо Узбекистон гурӯҳи 237-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ватан баргардонданд.

Як рӯз пас даҳҳо муҳоҷири дигар дар марз ҷамъ шуданд. Мақомот он замон гуфтанд, ки муҳоҷирон аз вазъ истифода мекунанд ва бе ҳеч сабаб мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Он вақт мақомот аз муҳоҷирон хостанд, то анҷоми карантин дар кишвари иқомати худ бимонанд.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувум барои муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Бар асоси созишнома, соле беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ доранд бо квота дар Қазоқистон кор кунанд, вале ба бовари коршиносон, шумори воқеии шаҳрвандони тоҷики ҷӯёи кор ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG