Ссылки доступа

Сокини Тошканд ду тӯй баргузор карда, садҳо касро ба карантин фиристод


Як сокини ноҳияи Юнусободи Тошканд сарфи назар аз эълом шудани карантин дар робита ба коронавирус ду тӯй баргузор кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар натиҷаи ҷашн, ки чор рӯз давом кард, яке аз арӯсон ва 12 меҳвон ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамчунин садҳо нафаре, ки бо мубталоён тамос ё ба тӯйҳо рабте доштанд, санҷиши коронавирус супурданд ва ба карантин гирифта шуданд.

Дар робита ба ин ҳодиса санҷиши эпидемиологӣ идома дорад.

Пештар дар бораи тӯе дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон хабар дода шуд, ки 250 меҳмонаш карантин шуданд.

Дар Ӯзбекистон ба иллати коронавирус аз 8 май карантин эълом шуд. Минтақаҳо ба рангҳо "сурх" (хатарноктарин), "зард" ва "сабз" (амнтар) тақсим гаштанд. Баргузории тӯйҳо танҳо дар минтақаҳои "сабз" ва бо иштироки на бештар аз 30 кас иҷозат дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG