Ссылки доступа

Вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон дар бораи шиканҷа ва ҳаводиси Андиҷон


Мушовири вазири умури дохилии Ӯзбекистон генерал-полковник Зокир Алматов шиканҷа шудани сокинони Андиҷон аз сӯи маъмурони пулисро шадидан интиқод карда, онро "хиёнат ба арзишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номид".

Алматов, ки солҳои 1991-2005 вазири умури дохилии Ӯзбекистон буд, дар суҳбат Kun.uz гуфт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо маоши 2,3-3 миллион сӯм (245-295 доллар) шабу рӯз кор мекунанд, бояд зуд-зуд аз ташхиси равонӣ гузаронида шаванд.

Расона бо муовиши вазир дар робита ба марги ҷавоне суҳбат кардааст, ки дар натиҷаи шиканҷа аз сӯи кормандони пулиси Андиҷон ҷон дод.

Расонаҳо ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки А. Абдукаримови 32-сола 11 июн дар бемористони Андиҷон ба ҳалокат расид. Абдукаримов дар ҳолати беҳушӣ ва бо нишонаҳои шиканҷа аз идораи пулиси Андиҷон ба беморхона интиқол ёфта буд.

"Мутаассифона маҷбурам дар ин бора суҳбат кунам. Як ҷавон қурбони амали кормандони мақомоти умури дохилӣ шуд. Ин худхоҳон обурӯи мақомоти пулис ва онҳоеро паст заданд, ки шабу рӯз кор мекунанд. Онҳо ба арзишҳои пулис хиёнат карданд", - афзуд вай.

Вазири пешини умури дохилии Ӯзбекистон дар шарҳи ҳаводиси хунини вилояти Андиҷон дар соли 2005 эътироф кард, ки воқеан он замон сардори ситод буд ва ҳамаи қарорҳоро мустақилона мегирифт.

"Маро ҳамеша дар ҳаводиси Андиҷон айбдор мекунанд. Он замон воқеан сардори ситод будам ва ҳамаи қарорҳоро мустақилона мегирифтам. Вале он вақт кӣ бо силоҳ вориди Андиҷон шуд? Кӣ марзро бо силоҳ гузашт? Кӣ ба дидбонгоҳу қисми низомӣ ҳамла ва силоҳҳоро ғасб кард? Кӣ ба боздоштгоҳ ҳамла ва 500 ҷинояткорро озод намуд? Кӣ бинои маъмурияти маҳаллиро ғасб карда, онро оташ зад? Кӣ ҳудуди сад корманди мақомоти судиро ба гарав гирифта, бархеашонро эъдом кард? Ҳукумат бояд дар ин вазъ чӣ кор мекард? Хомуш мемонду вазъро тамошо мекард?", - изҳор дошт Алматов.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳаводиси Андиҷон 187 кас бо шумули занону кӯдакон кушта шуданд. Вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, шумори қурбониён ба беш аз ҳазор нафар мерасад. Худи Алматов бори дигар гуфт, ки омори расмӣ дуруст аст.

Зокир Алматов баъди чанд моҳ аз ҳодисаи мазкур аз мақоми вазири умури дохилии Ӯзбекистон ба истеъфо фиристода шуд. Вале соли 2018 ба Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон дубора ба ҳайси мушовири вазир баргашт. Ӯ барои баргаштанаш ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев миннатдорӣ баён намуд.

XS
SM
MD
LG