Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зидди арӯсрабоӣ бозии онлайниеро муаррифӣ карданд


Ташаббускори тарҳ ва сардори бунёди ҷамъиятии "Айкин Багит" Мунара Бекназарова гуфт, дар бозии "Баҳор дар Қирғизистон" донишҷӯдухтаре нақши асосиро мебозад, ки дугонаашро барои издивоҷи иҷборӣ рабудаанд.

Бозӣ ду гузина -- наҷоти дугона ё дахолат накардан ба қазияро пешниҳод мекунад. Дар идома вазъ вобаста ба тасмим ҷараён мегирад.

Таҳиягарон мегӯянд, бозиро дар асоси саргузашти воқии духтаре таҳия кардаанд, ки барои издивоҷи маҷбурӣ рабуда шуда буд. Он аз 11 қисм иборат буда, ҳоло 3 қисмаш омодааст.

Дар Қирғизистон соли 2013 барои арӯсрабоӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ба муҳлати аз 5 то 7 соли зиндон таъйин карда шуд. Вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мушкил ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Соли 2017 дар ин замина 31 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, шаш ҳолат марбут ба ноболиғон буд.

XS
SM
MD
LG