Ссылки доступа

Ҳиндустон ва Покистон кормандони сафоратхонаҳои худро коҳиш медиҳанд


Ҳукумати Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ними кормандони сафорати Покистон дар Деҳлиро ихроҷ кунад. Ба гуфтаи мақомоти ҳинд, дипломатҳои ихроҷшаванда бо ҷосусӣ машғул буда, бо "гуруҳҳои террористӣ" тамос доранд.

Ҳамчунин Ҳиндустон тасмим гирифтаст, ки шумори кормандони худро дар Исломобод коҳиш диҳад, омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон аз 23 июн. Ин қарорҳо бояд дар давоми ҳафт рӯзи оянда иҷро шаванд. Вазири умури хориҷии Покистон огаҳ карда шудааст.

Худи он рӯз Вазорати умури хориҷии Покистон иддаои Ҳиндустонро рад карда, гуфт, дипломатҳои ин кишвар ҳамеша дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои дипломатӣ фаъолият мекунанд. Дар натиҷа сафири Ҳиндустон дар Деҳлӣ ба Вазорати умури хориҷии Покистон даъват ва огаҳ карда шудааст, ки ҳамчун иқдоми ҷавобӣ ҳайати кормандони сафорати Ҳиндустон дар ин кишвар низ кам карда мешавад.

Вақтҳои ахир муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду қудрати ҳастаӣ муташанниҷ буда, якдигарро ба боздошти ғайриқонунии дипломатҳо ва бархурди номуносиб бо онҳо айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG