Як кишоварзи ҷавон аз Бустон гуфт, ҳукумати ноҳия онҳоро маҷбур дорад, ки барои барқарор кардани хонаҳои осебдида дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобин пул диҳанд.
"Аз ҳар як кишоварз думиллионсӯмӣ (дусаддолларӣ) талаб доранд. Таҳдид мекунанд, ки агар пулро надиҳед, заминҳоро мегирем. Ҳарчанд чанде пеш кишоварзон 1 ё 2-мллионсӯмӣ ба ҳисоби бунёди хайрияи "Саховат ва кумак" барои ниёзмандон дар давраи ҳамагиршавии коронавирус дода буданд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамсуҳбати мо ва се кишоварзи дигари Бустон мегӯянд, мақомоти ноҳия гуфтаанд, ин пулҳо бояд дар давоми як ҳафта ҷамъ шаванд. Чаҳор ҳамсуҳбати дигар гуфтанд, дар ин ноҳия ҷамъоварии "маблағи хайрия" ҳамеша иҷборӣ сурат мегирад.
Намояндаи ҳукумати Бустон, ки масъули ирсоли кумакҳо ба Сирдарё мебошад, гуфт, кумаки навбатӣ ба сокинони селзада 23 июни соли равон фиристода шуд.
Як корманди дигари ҳукумати Бустон тасдиқ кард, ки ба кишоварзон таҳдид шудааст, агар пул надиҳанд, заминҳояшонро хоҳанд гирифт. Вале ӯ гуфт, ин таҳдидҳо танҳо барои "тарсондан" буданд.