Ссылки доступа

Шумори гирифторони COVID-19 дар Қазоқистон ба бештар аз 30 ҳазор расид


Дар як рӯзи гузашта дар Қазоқистон 1 630 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Ин болотарин нишондод аз замони нахустин ҳолатҳои сабтшавии вируси корона, аз моҳи марти соли ҷорӣ ба ин тараф дар он кишвар аст.

Бо назардошти ин ҳолатҳо шумори гирифторони умумии коронавирус дар Қазоқистон ба 30 ҳазору 486 расид.

Дар Қазоқистон аз вируси корона 134 кас вафот карда, 11,5 ҳазори дигар шифо ёфтааст, хабар медиҳад вазорати тандурустии он кишвар.

Авҷгирии гирифторӣ ба COVID-19 дар Қазоқистон дар ҳолест, ки ахиран дар он кишвар чораҳои карантинӣ сабуктар карда шуданд. Хабар дода мешавад, ки 95 дарсади беморхонаҳои шаҳри Алматои Қазоқистон аз бемор пур шудааст. Аз 1700 гирифтори коронавирус, ки дар беморхонаҳо бистарӣ ҳастанд, вазъи 170 тан вазнин гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG