Ссылки доступа

Гирифтории 2 узви ҳайати президенти Қирғизистон ба коронавирус ӯро аз иштирок дар паради Москва маҳрум кард


Гирифтории ду тан аз ҳайати Қирғизистон ба вируси корона дар шаҳри Москваи Русия мушаххас шуд.

Тибқи талаботи муқарраршуда, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва ҳамроҳонаш ба маҳзи ба Москва расидан аз ташхиси коронавирус гузаштанд. Ташхиси ду тан аз ҳайати Қирғизистон натиҷаи мусбат дод. Дар ин бора аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Ба ин далел, Ҷеенбеков тасмим гирифтааст, дар гузашти низомии Москва, ки бахшида ба 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ доир мешавад, ширкат наварзад.

Сооронбой Ҷеенбеков барои ширкат дар паради Москва рӯзи 23 июн ба Русия рафт.

XS
SM
MD
LG