Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, поккории қисми низомии Арис панҷ сол вақт мегирад


Поккории ҳудуди қисми низомӣ дар шаҳри Ариси Қазоқистон, ки соли гузашта анбори аслиҳае таркид, то панҷ сол вақт мегирад. Дар ин бора Асилбек Сатвалдинов, сардори раёсати ақибгоҳ ва таслиҳотии неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, поккорӣ дар маркази таркиш идома дорад. "Дар бораи поёни поккорӣ сухан гуфтан барвақт аст", - афзуд Сатвалдинов рӯзи 24 июн.

Ҳудуди таркиш бештар аз 500 га заминро дар бар мегирад, гуфт вай. "Поккории сатҳӣ дар майдони бештар аз 133 га анҷом шудааст. Дар як сол аз Арис наздики 380 ҳазор боқимондаи лавозимоти ҷангӣ берун бурда шудааст, ки аз ин миқдор қариб 300 ҳазораш хатари таркиданро доранд", - афзуд Сатвалдинов.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори ҳарбие дар Арис оташ сар зад, ки боис ба таркиш шуд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодиса чаҳор тан, аз ҷумла ду низомӣ ва ду сокини осоишта кушта шуд. Таркиш аз 8 626 манзили шаҳр ба ҳудуди 85 дарсади он харобӣ овард.

Моҳи гузашта парвандаи таркиш ба додгоҳ рафт. Додгоҳ 16 танро ба ҷавобгарӣ мекашад. Тафтишот гуфт, дар анбор қоидаҳои бехатарӣ риоя нашудааст.

XS
SM
MD
LG