Ин тағйирот ба Путин имкон медиҳад, ки бори дигар довталаби курсии президентӣ шавад ва то соли 2036 сари қудрат боқӣ монад.
Раъйпурсӣ як ҳафта - то 1 июл идома мекунад. Барои ин маърака дар саросари Русия 96,5 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ ва дар 144 кишвари хориҷ 254 қитъа таъсис шудааст.
Ба далели вабои коронавирус дар бархе аз минтақаҳои Русия қитъаҳои раъйдиҳиро дар фазои боз - дар хаймаҳо таъсис додаанд.
Ҳамзамон дар бархе аз дигар минтақаҳои он кишвар раъйдиҳии электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Давоми як моҳи охир расонаҳо аз шикоятҳои дастаҷамъии шаҳрвандон гузориш медоданд. Ба гуфтаи шаҳрвандон, корфармоҳо онҳоро маҷбур доранд, ки дар раъйпурсии тағйирот ба Конститутсия ширкат кунанд ва ҳамзамон раъйпурсиро таблиғ намоянд.
Шумориши раъйи мардум баъди баста шудани қитъаҳои раъй - 1 июл сурат мегирад.
Ворид кардани тағйирот ба Конститутсияро Владимир Путин моҳи январи соли ҷорӣ пешниҳод кард. Он замон вай гуфта буд, ки тағйирот бояд аз сӯи мардум қабул шавад, ҳарчанд қонун инро талаб намекунад. Ибтидо қарор буд, раъйдиҳӣ 22 апрел баргузор шавад, аммо паҳншавии коронавирус ин маъракаро ба таъхир андохт.
Чанде аз мухолифони ҳукумати Русия ба таҳрими раъйдиҳӣ даъват доранд. Мухолифон мегӯяд, ҳукумат ҳамаи имконро дорад, ки натиҷаи раъйдиҳиро дасткорӣ кунад. Бархе аз дигар мухолифон даъват доранд, ки шаҳрвандон зидди тағйирот раъй диҳанд.