Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ зидди тарҳи қонун “Дар бораи дасткории иттилоот” дар назди парлумони Қирғизистон


Дар назди бинои порлумони Қирғизистон зидди маҳдуд кардани озодии баён миёни корбарони интернет гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Шаҳрвандон зидди қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи дасткории иттилоот” баромад мекунанд.

Вокунишҳо ба тарҳи қонуни мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз гардид, баъди он ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолони ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон тасмим гирифтанд, ки тазоҳурот ташкил кунанд. Ба иттилои иштирокдорон, дар назди бинои порлумон беш аз 50 кас ҷамъ шуд.

Ба иддаои онҳо, бо қабули ин тарҳ корбарони одии шабакаҳои иҷтимоиро мешавад, ба экстремизм муттаҳам кард. Гирдиҳамомадаҳо шиорҳои “Ман фейк нестам!”, “Барои озодии сухан!”, Ин қонун нест, ин плагиат аст!” ва монанди инҳоро сар доданд. Кормандони пулис вазъро назорат карданд. Ташаббускорони тарҳи қонун “Дар бораи дасткории иттилоот” -- Гулшот Асилбоева ва Айнура Усмонова ҳуқуқ ва уҳдадории корбарони интернет, соҳибони сомонаҳо ва фароҳамкунандаҳои интернетро навиштаанд.

Дар он инчунин таъкид шудааст, дар ҳолати нақзи қонун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мавриди то марҳилаи додгоҳӣ маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоотеро мегирад, ки дар он аломатҳои дурӯғ ё иттилои номуътамад мавҷуданд. Як қатор вакилон зидди ин тарҳи қонун садо баланд карданд. Ба гуфтаи вакил Наталя Никитенко, шаҳрвандони Қирғизистон имрӯз танҳо бо табиат ва озодии сухан метавонанд, ифтихор дошта бошанд.

“Тамоми талошҳо барои маҳдуд кардани озодии сухан барои ҳукумат хеле бад тамом шудааст. Бояд аз таърихи худ ибрат бигирем. Фановариҳои нав тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ин ҳамаро қатъ кардан имкон надорад. Тарҳи қонун характери сиёсӣ дорад. Кӣ мақоми назораткунанда мешавад? Вазорати фарҳанг? Ниҳоди давлатӣ наметавонад, тамоми маълумотро баррасӣ кунад. Хароҷотро кӣ пардохт мекунад? Тиҷорат? Онро бар шонаҳои андозсупорандаҳо, шаҳрвандони одӣ бор мекунанд. Аз онҳо бипурсед, ки оё розӣ ҳастанд, барои Интернет пули бештар сарф кунанд? Одамон аллакай ҷавоби худро додаанд”,-афзуд вакили порлумон.

17 июн парлумон лоиҳаи қонунро дар ҷаласаи аввал қабул кард. 22 июн кумитаи парлумон санадро тасдиқ намуд. Коршиносони расонаӣ ва ҳуқуқшиносон мегӯянд, лоиҳаи қонун озодии баён ва ҳаққи шаҳрвандон ба дастрасии иттилоотро маҳдуд мекунад. Бунёди ҷамъиятии “Институти Медиа Полисӣ” дар муроҷиатномаи худ таъкид намудааст, ки тарҳи қонун “Дар бораи дасткории иттилоот” бо Конститутсияи Қирғизистон ихтилоф дорад.

XS
SM
MD
LG