Як манбаъ дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ба ин парвозҳо асосан шахсони ниёзманд аз ҷумла беморон, занону кӯдакон, донишҷӯён, пиронсолон ва шахсоне, ки бинобар сафари хидматӣ дар Русия дармондаанд, бартарӣ дода шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, ба онҳое, ки номашон ба рӯйхат шомил шудааст масъулини сафорат занг зада вақти парвозро мегӯянд. Масъулини сафорати Тоҷикистон гуфтанд, чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ чанд соат қабл дар фурудгоҳҳо фурӯхта мешаванд ва муҳоҷирон набояд аз ягон нафари дигар билет гиранд.
Аз рӯзи 19-уми июн, ки мақомот парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистонро эълон карданд садҳо нафар ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда, мепурсиданд, ки чигуна чиптаи бозгашт бо ин парвозҳоро ба даст оранд. Анбуҳи зиёди муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам барои ин кор ҷамъ шуданд. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо барои анҷоми 8 парвози чартерӣ иҷозат дода шудааст ва на ҳамаи хоҳишмандонро метавон бо ин парвозҳо ба ватан интиқол дод.
Парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" анҷом дода мешаванд ва тибқи иттилои масъулини сафорати Тоҷикистон дар ин парвозҳо беш аз 1600 нафар ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.
"Бо ин парвозҳо имкон нест, ки ҳамаи хоҳишмандонро ба ватан фиристем. Дар навбати аввал танҳо шахсони ниёзманд ба Тоҷикистон парвоз мекунанд. Мо умедворам, ки дар моҳи июн парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дубора оғоз мешаванд", - гуфт ҳамсуҳбати мо дар сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ба Тоҷикистон сурат мегиранд. Мақомот гуфтанд, ҳавопаймҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон холӣ намераванд, балки шаҳрвандони Русияро бо худ мебаранд.
Аммо парвозҳои чартерӣ зоҳиран барои бештари шаҳрвандони ниёзманди Тоҷикистон дар Русия кофӣ нест. Бархе аз онҳо мегӯянд, дархосташон барои бозгашт ба ватан аз сӯи сафорати Тоҷикистон бепосух монд.
Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард.