Аз ҷумла, кормандони андоз ва гумрук минбаъд барои "созиш" бо соҳибони мол ва кам ҳисоб кардани пардохтҳои давлатӣ, муҷозот мешаванд. Гунаҳкорон барои қочоқ, азонихудкунии маблағ ва баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ҳам акнун ҷазои сангинтар хоҳанд гирифт. Мақомот ин корро яке аз роҳҳои муносиб барои мубориза бо фасодкорӣ медонанд, аммо коршиносон мегӯянд, мушкил танҳо бо ҷазо додан ҳал намешавад.
Як тағйироти муҳим, ки рӯзи 24-уми июн аз сӯи палатаи поёнии порлумон қабул шуд, ин ҷазо додани маъмурони андоз ва гумрук барои қасдан кам ё зиёд ҳисоб кардани пардохтҳои давлатӣ мебошад. Нозироне, ки ин амали маъмурони андоз ва гумрукро ошкор карда, рӯи он боз сарпӯш мегузоранд ҳам бар асоси тағйироти тоза ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо ҷазо на зиндон, балки ҷарима аз 5800 то 11 600 сомонӣ аст.
То ин вақт қонунгузории Тоҷикистон барои кам ё рӯйпуш кардани андоз ва пардохтҳои гумрукӣ асосан соҳибони молро ҷарима мекард. Вале мақомот мегӯянд, солҳои ахир ҳолатҳои зиёдеро ошкор кардаанд, ки кормандони андоз ва гумрук худ даст ба фасодкорӣ зада, пардохтҳои давлатиро қасдан кам ҳисоб мекунанд.
Порлумон дар ҳоле барои маъмурони соҳаи андоз ва гумрук ҷазои нав пешбинӣ мекунад, ки моҳи майи соли гузашта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ин ду соҳа ва вуҷуди фасоди густурда дар он сахт танқид карда буд.
Раиси ҷумҳур гуфта буд, як камбуди асосии кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ин "кам ҳисоб кардани маблағ ва рӯйпӯш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад".
Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз ду ниҳоди муҳим барои пур кардани буҷаи Тоҷикистон аст. Коршиносон мегӯянд, ҳар қадаре кор дар ин бахш шаффоф сурат гирад, ҳамон андоза буҷа фоида мебинад.
Ба ҷуз аз муқаррар шудани ҷазо барои кормандони андоз ва гумрук, порлумон ҷазо барои чанд ҷиноятеро ҳам сахтар кард, ки ба коррупсия алоқаманд ҳастанд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн дар Маҷлиси намояндагон гуфт, акнун барои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, қочоқ, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ва барқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё музоядаҳо, муттаҳамон ҷазои сангинтар хоҳанд гирифт.
Аз ҷумла барои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва азонихудкунӣ ҳаҷми ҷазо як сол сахтар шуда, ҷаримаҳо низ бамаротиб бештар шудааст. Афроди муттаҳам бо қочоқ, ки то имрӯз се сол зиндонӣ мешуданд, акнун то панҷ солро пушти панҷараҳои зиндон мегузаронанд. Ҳамчунин ҷазо барои барқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории савдои оммавӣ ё музоядаҳо ҳам сангинтар шуд.
Давлати Тоҷикистон солҳост мубориза бо коррупсияро яке аз афзалиятҳои кори худ номидааст, вале эътироф ҳам мекунад, ки фасоду ришвахорӣ дар тамоми сатҳҳо реша давонда ва обрӯву эътибори ҳукуматро костааст. Таҳқиқоти афкори умум дар Тоҷикистон нишон додааст, ки барои иҷрои кор ба мақоми расмӣ додани пул "мушкиле надорад".