Ссылки доступа

ИМА аз Қазоқистон даъват кард, ҳуқуқҳои шаҳрвандии фаъоли ҷамъиятӣ Иляшевро барқарор кунад


Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандии фаъоли ҷамъиятӣ Алнур Иляшевро барқарор кунанд.

Иляшев баъди он ки аз ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва чораҳои пешгирии мақомот аз паҳншавии коронавирус интиқод кард, зиндонӣ шуд.

"Эҳтиром ба озодии баён барои шукуфоии демократия муҳим аст. Мо аз ҳукумати Қазоқистон қотеъона даъват мекунем, ки ҳуқуқҳои Алнур Иляшевро барқрор кунанд ва ба ҳамаи шаҳрвандон имкони озодона баён кардани ақидаи худро фароҳам оваранд", - омадааст изҳороти Департаменти давлатии ИМА.

Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch айни ин даъватро аз ҳукумати Қазоқистон кардааст.

Додгоҳи шаҳри Алмато 21 июн Алнур Иляшевро дар "паҳни иттилои дуруғ дар шароити вазъи изтирорӣ" айбдор эълом ва озодияшро ба муҳлати се сол маҳдуд кард. Зидди ӯ баъди нашри матлабҳои интиқодияш дар бораи Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳо айб эълом шуд.

Додрас бо дархости додситон Иляшевро аз ҳаққи фаъолиятҳои оммавӣ ва таъсиси ҳизб ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. "Дар асл ӯ ба муҳлати 8 сол аз ҳамаи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд", - гуфт вакили дифоъ Нурлан Раҳмонов. Раҳмонов гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикоят мекунанд.

Додрас ҳамчунин қарор кард, ки айбдоршуда ба ҳисоби бунёди ҷуброни ҷабрдидаҳо ҳудуди 55,5 ҳазор танга ё тақрибан 137 доллар пардозад. Дар ин парванда ҷониби ҷабрдида вуҷуд надорад.

Иляшеви 43-сола моҳи апрели соли равон боздошт шуда, то ба ҳол дар ҳабс қарор дошт. Мурофиаҳои додгоҳӣ онлайнӣ баргузор шуданд.

Иляшев моҳи марти соли равон дар як муроҷиатнома бо фаъолони дигар аз президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев талаб кард, ки "амволи давоми солҳои зиёд ҷамъ кардааш"-ро ба ҳисоби бунёди кумаки қазоқистониҳо гузаронида, ба "истироҳати ором" равад.

XS
SM
MD
LG