Ссылки доступа

Эътирозгарони пушти дари сафорати Чин дар Қазоқистонро неруҳои вижа боздошт карданд


Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон рӯзи 26 июн назди сафорати Чин ду шаҳрванд эътироз баён карданд. Онҳо талаб доштанд, ки ба пайвандони дар Шинҷон будаашон иҷозаи вуруд ба Қазоқистон дода шавад.

Баъди чанде эътирозгаронро неруҳои вижаи пулис боздошт кард.

Яке аз эътирозгарон Ақиқат Калиолла буд, ки ба гуфтааш, чаҳор пайвандаш дар Чин дармондааст. Вай аз ҳукумати Чин талаб дошт, ки ба аъзои хонаводааш иҷозаи берун шудан аз кишварро бидиҳад.

Боздоштшудаи дигар Женис Заркин буд, ки хонаводаи ӯ ҳам дар Чин дармондааст.

Дар чанд соли охир иқдоми эътирозии қазоқтабороне афзудааст, ки аз Чин ба Қазоқистон омадаанд. Онҳо аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, ки дар раҳосозии пайвандонашон аз "урдугоҳҳои бозтарбияи Чин" кӯмак расонанд.

XS
SM
MD
LG