Ссылки доступа

HRW: Ишқобод бо инкор кардани COVID-19 сиҳатии сокинонро дар хатар мегузорад


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ҳушдор медиҳад, ки Туркманистон бо инкор кардани мавҷудияти коронавирус дар кишвар сиҳатии сокинонро дар хатар мегузорад.

Созмони мазкур рӯзи 27 июн аз Ишқобод хост, ки иттилоъ дар бораи паҳншавии коронавирусро ҷамъоварӣ ва нашр намуда, ташхисҳоро дастрас ва фишор ба табибонро қатъ кунад.

Туркманистон аз камтарин кишварҳоест, ки ба иттилои расмӣ, то кунун вируси корона ба он роҳ наёфтааст.

"То замоне, ки ҳукумати Туркманистон воқеияти COVID-19-ро дар кишвар рад мекунад, хатари ин вирус ба ҳаёт ви сиҳатии сокинон бештар мешавад. Мақомот бояд ин инкорсозии бехирадонаро қатъ кунанд ва фавран барои сиҳатии омма чораҷӯӣ намоянд", - омадааст дар изҳороти созмон.

XS
SM
MD
LG