Ссылки доступа

Дар ним сол 11 хонандаи мактаб дар Хатлон худкушӣ кардаанд


Дар ним сол дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 хонандаи мактаб худкушӣ кардаанд. Мақомоти маориф мегӯянд, ин омор дар муқоиса ба рақамҳои ҳамин давраи соли гузашта се маврид бештар аст ва онҳоро нигарон кардааст.

Волидон мегӯянд, сабаби худкушии фарзандон барояшон маълум нест. Равоншиносон ҳодисаҳоро бештар ба афсурдагии аз ҳад зиёд ва ҷанҷол дар оилаҳо рабт медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ аксар наврасоне, ки дар ним сол дар вилояти Хатлон худкушӣ кардаанд, духтарон буда, аз 15 то 17 сол доштаанд.

Бибиноз Мӯсоева, сокини 16-солаи ноҳияи Вахшро рӯзи 20-уми июн аз банди дор пайдо карданд. Амонуллоҳ Мӯсоев, падари Бибиноз гуфт, аз ҳодиса тақрибан даҳ рӯз гузашт, вале ба суоли он ки чаро духтараш худкушӣ кард, ҷавоб наёфт.

"Намедонам, барои ин кор чӣ далел дошт. Ҳамон рӯз ба модараш гуфтааст, ки сараш дард мекунад. Ман шом ба алафдаравӣ рафта будам, модараш гов меҷӯшид. Дертар ӯро дар ҳаммом овехта ёфтаанд", -- нақл кард ӯ.

Муфаттишони додситонии ноҳия ба ҷойи ҳодиса рафта, дар бораи сабабҳои эҳтимолии рух додани ин ҳолат пурсуҷӯ кардаанд, вале ҳанӯз сабаб рӯшан нест.

Дар мактабе, ки Бибиноз Мӯсоева то охири моҳи апрел, яъне шурӯи карантин ва таътили пеш аз муҳлати тобистон дар онҷо таҳсил кардааст, ӯро ҳамчун хонандаи боинтизом ном бурданд. Муаллимон гуфтанд, он замон дар ӯ хастагӣ ва ё ҳолати бади равониро мушоҳида накарданд.

Сафар Давлат, як масъули раёсати маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, бо ҳама хонаводаҳое, ки кӯдаконашон худкушӣ ва ё қасд ба ҷони худ мекунанд, суҳбат карда, сабабҳои эҳтимолии рафтори онҳоро мепурсанд.

Вай афзуд, "дар баъзе ҳолат кӯдакон дар натиҷаи ҷангу ҷанҷоли волидон даст ба худкушӣ мезананд. Дар ҳолатҳои дигар ҳеч сабаби хосеро намеёбем. Барои мисол, дар ноҳияи Дӯстӣ духтари як муаллим худашро дор кашид. Ҳеч мушкил надошт. Дар ҳолатҳои дигар мегӯянд, вазъи равонии ноболиғон хуб нест".

Дар пажӯҳише, ки соли 2017 аз тарафи Бунёди атфоли СММ ва бо номи "Таҳқиқи ҳолатҳои равонии атфоли моил ба худкушӣ" анҷом шуд, муайян кардаанд, як сабаби аслии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон "бетаваҷҷӯҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва дур будан аз навозишу меҳрубонӣ" мебошад.

Аксар наврасоне, ки дар назарпурсии се сол пеши Бунёди атфоли СММ ширкат кардаанд, ба суоли "Чаро ҳамсолонашон қасди худкушӣ мекунанд?”" гуфтаанд, "Волидон онҳоро дарк намекунанд" ва "Аз ҷониби касе дастгирӣ намешаванд".

Мадина Шарифова, равоншиноси тоҷик низ сабабҳои худкушии ноболиғонро гуногун медонад, аммо мегӯяд, бештари онҳоро мешавад пешгирӣ кард.

"Аз рӯи одати шарқиёна, вақте намегузоранд, ки як наврас назарашро бигӯяд, метавонад ҳолати рӯҳии ӯро вайрон кунад. Афсурдагии зиёд метавонад сабаби худкушӣ бошад. Атрофиён агар дониши равоншиносӣ дошта бошанд, метавонанд пешгирӣ кунанд. Барои мисол, кӯдаконе, ки зиёд шӯх ҳастанд, тағйир меёбанд, камгап мешаванд ё дар бораи худкушӣ чизе мегӯянд", - шарҳ дод ӯ.

Ба иттилои расмӣ ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушии сокинонро сабт мекунанд. Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи апрели имсол дар Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки соли гузашта дар кишвар 632 мавриди даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро сабт кардаанд. Аз ин шумора 104 нафарашон ноболиғ ва 170 нафарашон ҷавонони аз 18 то 25-сола будаанд.

Додситони кул ин рақамҳорро ташвишовар хонда, гуфта буд, ки Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст.

XS
SM
MD
LG