Ба ҷуз аз Трамп дар рӯйхате, ки Эрон ба Интерпол ирсол кардааст, номи 35 каси дигар зикр шудааст. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ҳамаи онҳо дар куштори Сулаймонӣ даст доранд. Теҳрон онҳоро дар куштор ва терроризм айбдор медонад.
Расонаҳои амрикоӣ менависанд, аз эҳтимол дур аст, ки Интерпол дархости Теҳронро бароварда кунад. Усули фаъолияти ин созмон иҷоза намедиҳад, ки дархостҳои дорои ангезаи сиёсӣ иҷро шаванд.
Кохи сафеди ИМА дастури Теҳронро ҳанӯз шарҳ надодааст.
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси сипоҳи посдорони Эрон 3 январи соли ҷорӣ дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Бағдоди Ироқ кушта шуд. Теҳрон дар посух ду пойгоҳи низомии амрикоиро мушакборон кард. Даҳҳо низомии амиркоӣ дар ин мушакборон ҷароҳат бардоштанд.