Ссылки доступа

Парлумони Чин қонуни амнияти Ҳонгконгро қабул кард


Маҷлиси қонунгузори Чин қонуни амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард, ки ба бовари мунаққидон, вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақаи нимамухторро таҳти зарба қарор медиҳад.

Дар бораи қабули қонун дар рӯзи 30 июн дар Кумитаи доимии маҷлиси мардумии Чин ҳизби калонтарини рӯ ба Пекини Ҳонгконг – DAB хабар дод. Қонуни нави амниятӣ мавриди интиқоди ҳукуматҳои ғарбӣ ва мояи эътирозҳои мардум дар Ҳонгконг шуд, ки мегӯянд, паёмади сангинаш саркӯбҳои бештари сиёсӣ мешавад.

Мухолифони қабули қонуни нав мегӯянд, ки он ба тиҷорату соҳибкорӣ ва озодиҳои сиёсӣ таъсир мерасонад. Пекин қонуни навро дар посух ба эътирозҳои демократии соли гузаштаи Ҳонгконг қабул кард ва гуфт, ки дар минтақа бояд суботу амният барқарор шавад. Қонуни нав барои ҷудоӣ, сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ва тавтеа бо кӯмаки қувваҳои хориҷиро муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.

Раҳбари Ҳонконг Кэрри Лам аз шарҳи ин қонун худдорӣ кард ва ба хабарнигорон гуфт, ки шарҳ додани ин қонун аз ҷониби ӯ дуруст нест.

XS
SM
MD
LG