Ссылки доступа

Сенаторҳои ИМА аз Қазоқистон хостанд, фаъолони ҷамъиятиро озод кунад


Гуруҳи иборат аз 12 сенатори амрикоӣ аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки фаъолони ҷамъиятӣ Макс Бокаев, Асет Абишев ва дигаронро оҷилан аз ҳабс раҳо кунанд.

Дар ин бора дар номаи сенаторҳо унвонии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зикр шудааст. Нома рӯзи 30 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

"Ҳеч касе набояд барои амалисозии ҳуқуқҳои марбут ба озодии баён, гирдиҳамоиҳои осоишта зиндонӣ шавад. Мо қатъиян аз шумо даъват мекунем, ки бидуни таъхир шаҳрвандони худро аз зиндон озод кунед", - омадааст дар нома.

Ба гуфтаи муаллифон, хатари мубталошавӣ ба коронавирус дар зиндон бештар аст ва аз Тоқаев даъват мешавад, ки "бо истифода аз ин фурсат" шаҳрвандонро озод кунад.

Сенаторҳои ИМА бо чунин мазмун ба номи роҳбарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ нома ирсол кардаанд.

Макс Бокаеви 46-сола барои ташкили эътирозҳо зидди ислоҳоти соҳаи замин дар Қазоқистон соли 2016 боздошт ва панҷ сол зиндонӣ шуд.

Асет Абшиеви 42-сола моҳи ноябри соли 2018 бо айби узвият дар созмони фаъолияташ мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" чаҳор сол зиндонӣ шуд.

Абишев ва Бокаевро ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ ба рӯйхати зиндониёни сиёсӣ шомил кардаанд.

XS
SM
MD
LG