Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон аз истифодаи шиканҷа дар идораҳои пулиси кишвараш интиқод кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як ҷаласаи маҷозии кишвараш рӯзи 30 июн марги ду шаҳрвандро баъди латту кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интиқод кард.

"Фоҷиаҳое, ки чанде пеш дар мақомоти дохилии шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Чиракчин рух дод бояд роҳбарони низомро бедор ва ба хулосабарорӣ водор намояд", - гуфтааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон, дар пайи ин ду ҳодиса айни замон 11 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷавобгарӣ, 7 шахси масъул аз мақом барканор ва 16 тани дигар ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шудааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ марди 32-солаи ӯзбекистонӣ дар ноҳияи Чиракчин дар пайи латту кӯб дар идораи пулис фавтид.

Алиҷон Абдукаримови 32-сола рӯзи 30 май дар идораи пулиси шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон латту кӯб шуд ва баъди чанде дар бемористон вафот кард.

XS
SM
MD
LG