Ссылки доступа

Бишкек карантинро сахттар кард: хобгоҳҳо низ ба қабули беморон омодагӣ мебинанд


Шаҳрдори Бишкек Азиз Суракматов гуфт, сар аз 1 июл дар пойтахти Қирғизистон карантин ё маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус сахттар мешаванд.

Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр маҳдуд шуда, рӯзона аз соати 07:00 то 10:00 ва бегоҳ аз соати 17:00 то 21:00 мусофир хоҳанд кашонд. Рӯзҳои истироҳат ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ манъ ва қаҳвахона, тарабхона, фурӯшгоҳу бозорҳо ва боғҳо баста шуданд. Фаъолияти клубу марказҳои фароғатии кӯдакона, майдонҳои бозиву футболро низ манъ карданд.

Сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов дар мулоқот бо президенти ин кишвар гуфт, ки то охири рӯз дар хобгоҳҳои донишгоҳҳо 750 кат ва дар фурудгоҳи "Манас", дар наздикии Бишкек 400 кати дигар барои бистарӣ кардани беморон омода хоҳад шуд.

Мақомоти қирғиз ин чораҳоро дар пайи авҷи дубораи коронавирус дар ин кишвар меандешанд. Ба иттилои расмӣ, шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 5735 расида, 62 кас то ҳол ҷон бохтаанд. Дар як рӯзи ахир 639 ҳолати нави мубталошавӣ ба вирус ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG