Ссылки доступа

Конгресс қонуни эъломи таҳрим зидди Путин ва атрофиёнашро баррасӣ мекунад


Американские солдаты в провинции Логар в Афганистане

Дар Сенати ИМА рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд ва он эъломи таҳрим зидди русиягиҳоеро талаб мекунад, ки даст доштанашон дар додани мукофот ба қатли сарбозони Амрико дар Афғонистон исбот шавад.

Яке аз ҳадафҳои таҳрим президенти Русия Владимир Путин хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонун дар шакли тағйирот ба Санади харҷҳои дифоӣ аз сӯи сенатори маъруфи демократ Роберт Менендес таҳия шудааст. Бар асоси он, агар иктишофҳои ИМА даст доштани раҳбарияти Русия ё ниҳоди зертобеи ӯро дар додани мукофот барои ҳамла ба низомиёни эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон тасдиқ кунанд, президенти Амрико бояд зидди Путин, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва мансабдорони дигари русе бояд таҳрим эълом кунад, ки ба мукофот рабт доранд. Ҳамчунин ҳабси дороиҳои ниҳоду шахсони мазкур ва манъи вуруди онҳо ба ИМА пешниҳод шудааст. Олигархҳои наздик ба Путин, сиёсатмадорони рус ва аъзои оилаашон низ метавонанд таҳрим шаванд.

Сенатор мегӯяд, ҳадафи ӯ ин аст, ки Русия бояд барои амалҳои худ посух бигӯяд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар Сенат ба андозаи кофӣ ҷонибдорӣ хоҳад шуд, ё не. Вале чандин узви саршиноси Конгресс рӯзҳои ахир хостанд, агар даст доштани Русия дар сармоягузории ҳамлаҳо ба сарбозони Амрико дар Афғонистон исбот шавад, зидди Кремл таҳрим эълом гардад.

XS
SM
MD
LG